Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Adana °C

Мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ
REKLAM ALANI
03.07.2023
A+
A-

Мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

 

 

 

.2023 , шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

 

 

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

 

 

 

Чуноне Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ҷониби Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.

Ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкориҳо ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

 

 

 

Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Ду кишвар ба рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Сарвари давлати мо аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда хонд.

 

 

 

Зимни мулоқот дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Тавсеаи бештари ҳамкориҳои пурсамари ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

 

 

 

Пешвои миллат идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо аз василаҳои муассир донист.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30945?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.